(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Яке аз кўчаҳои маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд ба номи Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Зоҳидов гузошта шуд ва дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар иҷлосияи дирӯзаи шаҳр тасдиқи худро ёфт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки забоншинос Абдуқодир Зоҳидов 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1956 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 1961 ин муассисаи олиро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро мавсуф соли 1961 ба сифати муаллими забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Бӯстон оҒоз намуда, соли 1968 ба донишгоҳ ба кор даъват карда мешавад ва то соли 1977 ба сифати муаллим, сармуаллими кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, аз соли 1976 муовини декани факултаи таъриху филология, аз соли 1994 ба вазифаи дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли 1998 то 2003 муовини декани факултаи ҳуқуқшиносӣ кор карда, узви кумитаи иттифоқи касаба, раиси ҷамъиятии «Китобдўстон»-и донишкада буд.

Заҳматҳои пурмаҳсули Абдуқодир Зоҳидовро давлату ҳукумат ба инобат гирифта, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон ва нафақахўр «Барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Абдуқодир Зоҳидов 26 майи соли 2018 дар синни 79 солагиаш вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд