(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аҳли заҳмати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободии шаҳри бостонии як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвонов ва ба азнавсозӣ роҳи даромадгоҳи коргоҳ оғоз намуданд, ки беш аз 300 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд боздид намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо ва хуррамнамии атрофии бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр дастур дод. Таъкид гардид, ки ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуаън ба ободии кулли он оварда мерасонад. Ва ин тадбири муҳими созандаи Марказ бояд ба идораву ташкилотҳои шаҳр новобаста ба шакли моликият намунаи ибрат бошад.

Воқеан ҳам имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, № 89 «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 9 апрели соли 2018, № 179 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд нақша –чорабиниҳо тартиб доданд ва фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ монданд.

Дар як фосилаи кӯтоҳ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ободу зебо гардидааст.
Кормандони Марказ баробари побел кардани майдонҳои ҳудуди идораю ташкилот ва муассисаи худ ба он гулҳои рангорангу буттаҳои ҳамешасабз ва дарахтони ороишӣ шинондаанд. Шохи хушкидаи дарахтонро ба тартиб дароварда, танашро барои муҳофизат аз ҳашаротҳо сафед кардаанд. Ин ҳама фидокориҳо аз ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ифтихор аз ватандории шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд