(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андӯҳи мо гардид.

Бо фаъолияти фидокорнаи худ дар маснади олии Президенти кишвар ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим Чан Дай Куанг соҳиби иззату эҳтироми ҳамватанонаш гашта, дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори баланд пайдо карда буд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».