(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи корҳои ободонӣ пиёда карда мешаванд.

Бо гузашти 70 соли замони Шӯравӣ ва маҳз дар давраи Истиқлолият барои бошандагони кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд хатти ташноб бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Субҳи имрӯз бо иштироки роҳбарият ва кормандони идораи “Хуҷандобуканал” дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми таъмноти оби нӯшокӣ ва партовоби шаҳри Хуҷанд” ба корҳои сохтмонии хатти ташноб дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дарозии хатти ташноби бунёдшаванда беш аз 1 километрро ташкил намуда, баъди ба истифода додани он хатҳои ташноби 150 хоҷагии ҳудуди кӯчаи мазкур ба он пайваст карда мешавад, ки беш аз 600 нафарро ташкил медиҳанд.
Пудратчии лоиҳаи мазкур ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ буда, он давоми 15 рӯз ба анҷом расонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи Беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоби шаҳри Хуҷанд” дар шаҳр беш аз 7, 5 километр хаттҳои ташноб бунёд гардида истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд