(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 22-юми сентябри соли равон дар Кохи «Суғдиён» Рӯзи Рӯдакӣ ва санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсад аз тарафи Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд.

Дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин беш аз 70 адад хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон унвони навбатии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 40 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд.

Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон, аз ҷумла Далер Назаров дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имсол ин бори чорум аст, аз Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд