(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он ва аҳли фарҳанг бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин ҳашари пахтачинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳузур дорад, фаъолона иштирок намуд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви минтақаи Варашилобод ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.

Зариф Назирӣ, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила ҳамкориҳои тарафайн вусъат бахшида мешаванд. Зеро сокинони шаҳри Хуҷанд дарк намудаанд, ки дар ин шабу руз марди деҳқонро бо ҳосили фаровон танҳо набояд гузошт. Зеро пахта сарвати миллат аст.

Раиси ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Урӯнхоҷаев Абдуваҳҳоб Муродов гуфт, ки аҳли хоҷагӣ дар майдони 1551 гектар пунбадона кишт намудаанд ва афзуд, ки мо ба кӯмаки ҳашарчиён ниёзи бештар дорем. Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд моро хушнуд намуданд ва дар як рӯзи ҳашар бо ёрдами эшон беш аз 3200 кило пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд