(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар варзишгоҳи «Спартак» машқи дастҷамъона ва бозии футбол гузарониданд. Ин тадбир дар шаҳри Хуҷанд ба ҳукми анъана даромада, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе баргузор шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки варзиш гарави саломатӣ буда, ҳамарӯза аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ равона карда мешавад.

Ҳамчунин бо ҷалби наврасону ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни шаҳр машқҳои дастаҷамъона ташкил гардид. Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд