(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаёзи манзумаҳои табрикӣ таҳти унвони «Шоднома» бо иқдом ва талошҳои профессор, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубаи Мирзоюнус тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоди 500 нусха дар ҳаҷми 150 саҳифа аз нашр баромад.

Тавре, ки мураттиби баёзи манзумаҳои табрикӣ донишманди номвар Матлубаи Мирзоюнус дар сарсухани китоби тозанашри худ «Шоднома» зикр менамояд: «Коми халқи моро аз азал ба шеър бардоштаанд, бинобар ин дар тамоми лаҳазоти ҳассоси зиндагӣ мо барои ифодаи ғаму шодии дил ба ин мӯъҷизаи пурбаҳо-шеър рӯ меорем ва дар баёни ҳоли худ каломи муносибе меҷӯем».

Воқеан ҳам дар рӯзҳои иду зодрӯз, ҷашни арӯсиву соатҳои саодт инсон мехоҳад бо беҳтарин ҳарфҳо ба табрики дӯстон ва пайвандон бирасад ва табиист, ки пеш аз ҳама навиштаҳои шоирон ба беҳтарин ваҷҳ ин матлабро ифода менамоянд. Ҳар маҳфили шодӣ дар Тоҷикистон бо шеър оғоз мешавад ва бо шеър анҷом меёбад. Пас шеъри шодӣ яке аз бахшҳои муҳими зиндагии мост, ки ба он пайваста ниёз дорем.

Мураттиб ҳадафи нашри «Шоднома»-ро бо ташвиқи дӯстонаш арзёбӣ намуда, зикр кардааст, ки чанд сол аст, ки абёти ноби муборакбодиро дар шакли пароканда ҷамъ оварда, гоҳе аз рӯйи зарурат дар хидмати дӯстон мегузоштам ва инак бо ташвиқи азизон ин ашъор дастбандӣ шуд ва бо меҳру ихлос ба хонандагони арҷманд тақдим мешавад, то дар рӯзҳои шодии худ онро ба кор баранд.

«Шоднома» аз бахшҳои «Иди Истиқлолият», «Иди Ваҳдат», «Рӯзи модар», «Иди Наврӯз», «Иди Сада», «Иди Меҳргон», «Тӯёна», «Милоднома», «Таманниёт» ва ғайра иборат буда, ашъори дар ин ин мавзуъ саройидаи шоирони классику муосирро фаро мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд