(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Маркази фарҳанг, Донишкаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва муассисаи томактабии  №15-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаҳои меҳнатӣ, донишҷӯён ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Гулбаҳор Назирӣ ва Рустам Қудратов вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш  дар баробари шарҳи дастовардҳои Истиқлолият ҳамзамон оид ба фаъолияти парлумон маълумот дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ  162  санади меъёрии ҳуқуқӣ ва теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. alt Ҳамчунин ду ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гашт, ки дар яке Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи хешро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд ва дар ҷаласаи дуввум як силсила фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқ карда шуданд. Дар байни 162 санади дар Маҷлиси намояндагон қабулшуда 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ,  9 қонуни мукаммал, 50 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо,          32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба кодексҳо, 53  созишнома, 1  конвенсия, 3  шартнома, 5 протокол ва ёддошт, 2 барномаи давлатӣ, 1 стратегия ва 9 қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун мебошанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон масъалаҳоро ҳамаҷиҳата омӯхта, асоснокии ҳуқуқӣ, нозукиҳои забонӣ, мантиқӣ ва молиявии онҳоро таҳлил намуда, ҳар кадоми онҳоро бо қонуну конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигари дорои хусусияти миллӣ муқоиса карда, хулосаҳои дахдори худро пешниҳод кардаанд. Дар умум, санадҳое, ки дар ин давра аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонда шуданд, аз лиҳози сифат низ ҷавобгӯ ба талабот буда, аз тамоми паҳлуҳо таҳлилу ташхис шудаанд.

Дар ин давра мо 16 лоиҳаи қонунро ба иллати дар онҳо ҷой доштани норасоиву нуқсҳои гуногун бо қарорҳои  Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои такмил бозпас гардонда шуд.

altНомбурдагон афзуданд, ки фаъолияти муштараки ниҳодҳои масъули молиявӣ бо мақомоти қонунгузор, заҳмату талоши ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёти кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи соҳибкории хурду миёна, афзоиши савдои дохилию хориҷӣ, беҳтар гардондани вазъи корхонаҳои саноатӣ, таҳкими хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сарчашмаҳои дигари даромад, ки ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд, боис гардиданд, ки эшон дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро   бо ҳифзи рушди иқтисодии кишвар ва нигоҳдошти он ҳамчун буҷети дорои хусусияти иҷтимоӣ ба тасвиб расонанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо ҳаҷми умумии бисту як миллиарду се миллиону ҳаштоду ҳафт ҳазор сомонӣ қабул карда шуд, ки ин рақам дар қиёс ба буҷети соли 2017  як миллиарду чорсаду сиву чор миллиону чорсаду ҳафтоду се ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Як ҷиҳати дигари фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ин аст, ки дар Қонуни мазкур вобастагӣ аз андозҳо коҳиш дода шуда, зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва идрорпулии донишҷӯёну пажӯҳишгарони соҳаи илмҳои гуногун низ ба инобат гирифта шудааст. Агар ба рақамҳо назар афканем, маълум мешавад, ки дар соли 2018 дар қиёс ба солҳои қаблӣ  маблағгузорӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, тандурустӣ, варзиш, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, саноат, сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия, афзоиш ёфтааст.

Дар марҳилаи сипаришуда дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»  инчунин якчанд қонуни мукаммали дигар, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»,  «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул шуданд,  ки ҳам аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ ва ҳам аз лиҳози сифат ва муҳтаво ҷавобгӯи талаби замон  буда, ҳамзамон ифодагари рушди бомароми парламенти касбӣ дар мамлакат мебошанд. Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,  «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»,  «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқ» ва  боз даҳҳо қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба беҳтар гардондани имкониятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон барои таълим,  табобат, омӯзиш, варзиш ва  таҳқиқотҳои илмию техникӣ ва имкониятҳои дигари маишӣ  равона гардидаанд.

Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, доир ба масоили рӯзмарра баромад кард.

Иштирокдорони мулоқот доир ба мавзуъҳои мухталиф ба вакилони мардумӣ суолу дархостҳои хешро манзур намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд