(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади эҳё,тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзғордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ,  меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузории Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2018» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба нашр расида, шахсони мутасаддӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намоянд.
Ҳамзамон дар доираи баргузор намудани Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2017» барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои атласу адрас ташкил ва ба намоиш гузоштани беҳтарин либосҳои миллӣ низ роҳандозӣ карда мешавад.

Барои дӯхтани либос иштирокчиён бояд аз матоъҳои атласу адраси  миллии истеҳсоли ватанӣ, бо обу ранги тобишаш гуногун, маводҳои ёрирасон истифода намоянд, ки ғайримуқаррарӣ ва нотакрории онро намоиш дода тавонад. Истифодаи ашёи ороишӣ, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гӯшвор, сарсӯзан ва ғайра иҷозат дода мешавад.

Дар Фестивал метавонанд ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи шаҳр иштирок намоянд.
Беҳтарин либосҳои миллии қадима, кӯдакона, расмӣ, идона, миллии арӯсию домодӣ бо назардошти зебоӣ, дизайни либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра аз ҷониби шаҳрдорӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд