(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРоҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо бо  129 банд таҳия намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он, ҳамарӯза аз ҷониби масъулин корбарӣ идома дорад.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода идораву ташкилот ва корхонаҳои шаҳр муваззаф гардидаанд, ки дар заминаи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида, корҳои ободониву созандагиро равнақ бахшанд.

Аз тарафи ҷомеаи меҳнатии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорö, аз он ҷумла, таъмиру таҷдиди боми хонаҳои баландошёна,тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо  вусъати тоза бахшида шуд. Алҳол дар 7 кумитаи маҳала ва 5 қитъаи корхонаи  давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд  ҷиҳати ободу зебо намудани кӯча бино ва рангубор намудани 23 адад биноҳои баландошёна мутобиқ ба талаби замон анҷом ёфта,  22000 метри мураббаъ бомпӯшҳои хонаҳои баланошёна нав карда шуд. Ҳамзамон  дар таҳхонаҳои  биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои 8, 12, 31 32 амалиётҳои  безарагардонӣ идома дорад.

Иваз намудани қубури ташноб, таъмири даромадгоҳҳо, оинабандии даромадгоҳҳо, ивази даромадгоҳҳо аз тадбирҳои муҳим ва рӯзмарраи корхона арзёбӣ мегардад, ки дар ин самт силсилаи зиёди корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барқарор намудани зарари офати табии соли гузашта, аз фаъолияти назаррас ва муҳими корхонаи  давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд  дар соли равон арзёбӣ мегардад.

Имрӯз дар тавозуни корхонаи  давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд  247 бинои баландошёна мавҷуд аст, ки нигоҳдошти зебои ин биноҳои шаҳр масъулияти дуҷонибаро талаб менамояд. Бояд шаҳрвандон бо пардохти маблағи хизматрасонии техникӣ ва ё худ ба истилоҳ хонапулиҳо фаъол гардида, дар ободонии маҳалли зисти худ ва ё шаҳр ҳиссагузорӣ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ин ҳама иқдомот дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд мегарданд.

Меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, шаҳри Хуҷандро боз ҳам обод ва барои мардум зиндагии шоистаро таъмин намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд