(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд санаҳои 7-8 сентябри соли равон дар толори варзишии "Ҷашнӣ" мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба гуштини юнонӣ-румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2006, 2007 ва хурд бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 120 нафар варзишгарон аз руи 26 вазн қувваозмоӣ намуда, ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва ҷоми таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд қадшиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд