(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд дар доираи Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти вилоятҳои номбурда ва соҳибкорон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-10 март ва нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 17-18 августи соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар ва халқи ҳамсояву дӯст давраи нави тиллоӣ боз намуданд. alt Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро фаро мегиранд, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ба тарзи муфассал муҳокима намуданд.Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон зимни сафарҳои давлатӣ сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарии байнидавлатӣ, инчунин тамоюли рушди мунтазам ва мутақобилан судманди ҳамкориҳоро байни ду кишвар бо қаноатмандӣ таъкид намудаанд. Бо такя ба принсипҳои устувори дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар, инчунин бо назардошти умумиятҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвари бародар муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд. Ин ҳама иқдомот бешубҳа барои ҳамкориҳои минбаъдаи созанда ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои дурнамои дарозмуддат такони нав ва қавӣ хоҳад дод.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаҳои кишоварзиву саноати вилояти Суғд таъкид кард, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин замина ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият бахшанд. Таъкид шуд, ки маҷмуъи маҳсулоти саноатии вилоят беш аз 1 миллиард доллар расидааст ва ин заминаи хуби ҳамкориро фароҳам меоварад.

Раиси вилоят афзуд, ки бо бозшавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ теъдоди меҳмонону сайёҳоне, ки аз Ӯзбекистон тавассути вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, 400 000 нафарро ташкил медиҳад ва ин худ гувоҳи он аст, ки равуои сокинон ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо дар ҳоли афзоиш қарор дорад.Баргузор шудани намоиши молу маҳсулоти вилояти Самарқанд имконияти рушди ҳамкориҳоро суръат мебахшад.

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов аз истиқболи самимӣ ва ба қавли худаш намунавию ташкили баланди намоиши молу маҳсулоти вилоятҳо изҳори сипос намуда, густариши ҳамкориҳоро дар ҳамаи бахшҳо натиҷаи талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ кард.

altСипас, раисони вилоятҳо аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд боздид намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба маърази тамошо гузоштанд.

Аз ширкатҳои бонуфузи вилояти Самарқанд ба монанди “Азизон маҳсулот сервис”, “Зуҳриддин бизнес”, “Барака”, “Бахт”, “Бофанда”, “Фируз кардон сервис”, “Гермес-лтс”, “Мароканд кабел инвест”, “Миронкул строй сервис” таваҷҷуҳи иштирокдорони намоишгоҳро ба худ ҷалб намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Эркинҷон Турдимов намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни вилоятҳо ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд. Баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни баргузории намоишгоҳ Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ низ иштирок дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд