(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Хуҷанд махсусан бо ҷалби соҳибкорон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Дирӯз  бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Маркази хизматрасонии “Мумтоз” мавриди истифода қарор гирифт.

Бояд қайд намуд, ки Маркази савдо ва хизматрасонии “Мумтоз” асосан барои фурӯши хӯроки сабук, яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан пешбинӣ шуда, барои ҷавонону наврасон макони хуби истироҳату фароғат мебошад.

Роҳбари вилоят дар маросими ифтитоҳи марказ таъкид дошт, ки ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар амалӣ шуда, ҳадаф боз ҳам беҳсозии шароити зиндагонии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки бо ин мақсад дар вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардида, то соли 2021 бунёду баистифодадиҳии зиёда аз 3000 иншооти гуногун ба нақшаа гирифта шудааст.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ ифтитоҳи чунин бинои замонавиро дар маҳалҳо намунаи татбиқи супоришҳои Пешвои миллат унвон карда, фаъолонро дар оянда низ баҳри саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуд.

Дар ҳаминҷо ҳамчунин хатнатӯйи 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ташкил ва баргузор карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои пулии Пешвои миллат тақдим гардид. Аз чеҳраи шодии кӯдакон ва волидони онҳо маълум буд, ки онҳо аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат хушнуду сарфароз ҳастанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд