(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!

Ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният гуфта, ба хурду бузург сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонадони обод орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Ин рўз, барҳақ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқамон мо тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурў нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем.

Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони кишвари азизамон дар атрофи роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеа гардид.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд: «Нерўи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад».

Бинобар ин, барои мо таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоишта барои зиндагиву фаъолият аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар шуморида мешавад.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Соҳибихтиёрӣ на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат мебошад, балки ҳалли масъалаҳои дохилии кишварро дар радифи масоили муҳимтарини фаъолияти Давлат ва Ҳукумат мегузорад.

Аз ин нуқтаи назар, Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар сиёсати дохилии худ баробари дар мақоми аввал гузоштани иҷрои ҳадафҳои асосӣ, ба татбиқи самарабахши дастовардҳои илму техника ва имкониятҳои низоми иқтисодии ҷаҳони муосир, инчунин, ба ҳалли мушкилоти ҳаррўзаи мардум пайваста эътибори аввалиндараҷа медиҳад, ки дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Хуҷанд 230 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ва зиёда аз 450 адад биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ бунёд ёфтанд.

Боиси тазаккур аст, ки агар соли 2000 қисми хароҷоти буҷети шаҳр ҳамагӣ 4 млн. 256,7 ҳазор сомониро ташкил карда бошад,  пас он дар соли 2018 – 154 млн. 250,0 ҳазор сомонӣ ё худ 36,2 маротиба зиёд мегардад.

Болоравии нишондиҳандаҳо ба мо имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими иҷтимоиву маданиро зимнан афзун намоем.

Тайи солҳои охир, аниқтараш дар соли  2018 маблағгузорӣ ба соҳаи ҳаётан муҳим – тандурустӣ ба маблағи 43 млн. 638,4 ҳазор сомонӣ, ё 28,3 фоиз, ба соҳаи маориф  87 млн. 660,9 ҳазор сомонӣ, ё 56,8 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр масраф мешавад.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба эълон гардидани 1300 Рўзи меҳнати зарбдор баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.

Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ин комёбиҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем.

Дар ин лаҳзаҳои пуршукўҳи идона бори дигар ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро ба ҳар як сокини шаҳри Хуҷанди бостонӣ самимона муборакбод гуфта, орзуманди он ҳастам, ки хуршеди озодию истиқлолият ба хонадони ҳар яки Шумо то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!