(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳи Хуҷанд ба 34 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Фирӯза Нуруллозода , муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки ба Давлату миллат хизмати шоён намудаанд, қадршиносӣ карда мешаванд.

Сипас, Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Суғд табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Истиқлолият рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони    мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мост, ки ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ, иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору меҳнатқарини мо ҳусни оғоз бахшид. Соҳибистиқлолӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накў нерўи тозаро эҳдо кард. Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки арзишҳои милливу фарҳангии хешро дубора эҳё ва ба ҳифзи асолати таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Боиси зикр аст, ки имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрўз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси Истиқлолият анҷом додем. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд».

Сипас, ба 34 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд