(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 27 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр чорабиниҳои гуногуни илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар чаҳорчӯбаи чунин чорабиниҳо-и шаҳри Хуҷанд дирӯз дар МТМУ №7 мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият-неъмати бебаҳост» бо иштироки омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид.Дар ҷараёни  мизи мудаввар омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқи МТМУ №7 Муҳайё Қурбонова таҳти унвони «Соҳибистиқлол гардидем, баъди қарнҳо», омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқи литсейи ДДҲБСТ Рустам Рустамов бо номи «Дастовардҳои Истиқлолият», мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Зулфия Умарова таҳти унвони «Сулҳу Ваҳдат –омили муҳими пешрафти соҳаи маориф» маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки Истиқлолият, дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад. Ворид гардидан ба ин давра дар назди роҳбарияти давлат иҷрои вазифаи басо муҳим, яъне ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илму маориф, ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав ва азнавсозии сохтори идораи соҳаи илму маорифро ба миён гузошт. Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат ислоҳоти мақсадноки соҳаи маорифро оғоз намуд. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот навсозӣ шурӯъ шуда, барнома ва нақшаҳои таълимӣ нав гардиданд, воситаҳои таълим аз нав таҳия ва чоп шуда, бунёд ва таъмиру азнавсозии мактабҳо бомаром пеш рафт ва дар натиҷа сатҳу сифати таълим ба куллӣ тағйир ёфт. Дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар зиёд карда шуд. Агар соли 2000-ум барои маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2016 барои ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёда аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардид. Дарвоқеъ, маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумат ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон хизмати басо арзишманд намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва шинохти рисолати таърихии халқи сарбаланди тоҷик дар зеҳни наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд