(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо ҳузури муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ҷаласаи комиссияи гранти Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти  соҳибкории занони ҳунарманд  ва эҷодкор барои соли 2018 баргузор гардид.

Дар ҷаласа пешниҳодоти 60 лоиҳаи занони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 25 апрели соли 2018 №212 қарори Раиси шаҳри Хуҷанд “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд  ва эҷодкор барои соли 2018” ба тавсиб расида буд. Ҳадаф аз ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарони ҳунарманд ва эҷодкор мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар соли 2018-ум  40 гранти Раиси шаҳр барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор таъсис дода шудаааст: аз ҷумла: 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;10 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ; 25 грант дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ мебошад, ки маҷмуъан маблағи умумии он 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2017 маблағи грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти  соҳибкории занони ҳунарманд  ва эҷодкор ҳамагӣ 65 ҳазор сомониро ташкил медод, имсол беш аз 100 (сад) ҳазор сомонӣ афзудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд