(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ба Содирхон Умаров барои таҳияи китоби “Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ” тақдим гардид.

Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой ба барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахшҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ ҷоиза супорида шуд. Ҳамин тавр, Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт ба Маъруф Бобоҷон барои асари “Тавба” ва ба Сайидамин Ҷило барои китоби “Гулшани ҳунар”, дар бахши санъат ба Зулфия Тӯйчиева барои офариниши беҳтарин нақши модар дар саҳна ва ба Ӯлмаси Хол барои нигориши силсилабарномаҳои идона, дар бахши меъморӣ ба Рустамҷон Сангинов барои офариниши силсилаи осори ҳунарии миллӣ ва ба Аҳад Воҳид барои таҳияи лоиҳаи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт супорида шуд. Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ба Содирхон Умаров барои таҳияи китоби “Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ” ва Ваҳҳоб Набиев барои таълифи китоби “Ваҳдат – мароми олии миллат” тақдим гардид.

Ҳамзамон ба гурӯҳи калони фаъолони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи гражданӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд