(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамасола дар остонаи соли нави таҳсил макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд барои таълиму тарбияи хонандагон омода карда мешаванд. Имрӯз таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф далели равшани муҳим будани соҳаро ифода менамояд.

Эътибори доимӣ ба мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимии муассисаҳо зоҳир карда мешаванд. Дар доираи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо пиёда мегарданд. Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин барнома таҷҳизонидани 25 адад кабинетҳои фаннӣ  дар муҳлати 3 сол дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Соли ҷорӣ тибқи Барнома муҷаҳҳаз гардонидани 10 адад кабинетҳои фаннӣ: 5 адад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 5 адад аз ҳисоби суратҳисоби махсуси  муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ дар остонаи соли таҳсили  2018-2019 аллакай 15 адад кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамин тавр, аз буҷаи маҳаллӣ барои муҷаҳҳазонидани кабинетҳои химия, биология, суруд ва мусиқӣ дар Муассисаҳои таълимии миёнаи умумии  №14, 26, 11, 25, 27 150 ҳазор сомонӣ маблащ ҷудо гардид. Аз ҷумла, дар мактабҳои №14 ва 26 кабинети химия, дар мактаби №11 кабинети биология, дар мактаби №27 кабинети физика ва дар мактаби №25 кабинети суруд ва мусиқӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Ҳамчунин 5 адад кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ: дар мактаби №18 ва гимназияи №24 кабинети химия,  дар мактаби №19 кабинети биология, дар литсейи физикӣ-математикии №1 кабинети математика, дар гимназияи №4 кабинети суруд ва мусиқӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Барои таҷҳизонидани  кабинетҳои номбурда лавозимоти зарурӣ, аз қабили: мизу курсиҳо барои хонандагон, мизи намоишӣ, ҷевони бодкаш, рахтҳо барои нигоҳ доштани асбобҳо ва реактивҳои химиявӣ, тахтаи электронӣ, проектор, телевизор, асбоб ва лавозимотҳои лабораторӣ харидорӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки иловатан ба нақша бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар мактаби №16 барои таҷҳизонидани кабинети фанни химия 30 ҳазор сомонӣ маблащ ҷудо гардид ва  як синфхонаи иловагӣ барои фанни суруд ва мусиқӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Бо талошҳои маъмурияти гимназияи №4 2 адад синфхонаи иловагӣ - кабинети технология барои духтарон ва технологияи иттилоотӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассиса ташкил карда шудааст. Дар мактаби №26 як синфхонаи технология (меҳнат) барои духтарон бо тамоми шароитҳои корӣ аз ҷониби омӯзгори фанни технологияи муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамаи тадбирҳо андешидашуда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати омӯзиши фанҳои таълимӣ, бахуссус табиӣ-риёзӣ дар зинаҳои таҳсилот баланд гардида, баҳри омода гардидани хонандагони фаъолу аълохон мусоидат намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд