(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаъмини босифати хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза зери назорати қатъии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода қарор дошта, гуруҳҳои корӣ барои ба эътидол ва танзим намудани хатсайрҳо сафарбар карда мешаванд.

Як ҳафта инҷониб бо сару либоси ронандагони микроавтобусҳо ба танзим дароварда шуд, яъне нафароне, ки ба сари чанбараки нақлиёти ҷамъиятӣ менишинанд, муваззаф гардидаанд, ки пеш аз ҳама ба сару либос ва муносибати худ бо мусофирон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон ҳамарӯза бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нозирони БДА дар истгоҳҳою кӯчаҳои шаҳр рейдҳои муштарак ташкил гардида, бархе қоидавайронкунӣ, аз қабили аз меъёр зиёд ҳаракат намудан, дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф кардан, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, берун аз истгоҳҳо истода мусофир гирифтан, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо баҳри пулчинӣ аз мусофирон, ҳаракати бенизом дар кӯчаҳои шаҳр барои ба даст овардани мусофир, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳоро пешгирӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Ин ҳама тадбирҳо бо назардошти он, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон буда, маркази маъмурии вилояти Суғд муайян шудааст, бояд намуна ба дигар шаҳрҳо бошад, пиёда карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд