(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоли равон барои ободу зебо гардонидани шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр нақшаи ободонӣ ва гулзоркунии кўчаю хиёбонҳоро таҳия карда шуда, барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар ин замина, аз тарафи қитъаи «Кабудизоркунӣ» ва корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и Сарраёсат дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба миқдори 4839 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, ба монанди дарахти ардач 3450 адад, санавбар 303 адад, бирючина 60 адад, булут 170 адад, дроги испанӣ 106 адад, ёси ҳиндӣ 150 адад, каштан 600 адад шинонида шуд. Инчунин, 1000 дона гулкарам, 673290 дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 163415 дона гулҳои маҳаллӣ, 62425 адад буттагули садбарг, 64500 адад карнайгул, 6 адад юкка кӯчат намуда, таҳти нигоҳубини доимӣ қарор дорад.

Бо ин мақсад дар парваришгоҳи муассисаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и КВДК Сарраёсат ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд ба миқдори 70 000 адад тухмии карамгул кошта шуда, нигоҳубин карда шуда истодааст. Ҳамзамон, дар гармхонаи коргоҳ дарахтони нодир, ба монанди ардач, кастона, буттагули  палма  ва  юкка  барои  мутобиқгардонӣ  шинонида шуда, барои дар кўчаю хиёбонҳои шаҳр шинонидан омода гардида истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд