(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш дар 47 макотибу литсею гимназияҳои шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 38 ҳазор нафар хонандагон ва 2360 нафар омӯзгорон чорабиниҳои расмӣ баргузор гардид, ки дар муассисаҳои таълимии номбурда намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳозир шуда, табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Аз ҷумла, дар  литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардида, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Рўзи дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрўза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».

Бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат давоми 27 соли соҳибистиқлолиикишварамон дар шаҳри Хуҷанд 8 мактаби давлатӣ, 11 мактаби хусусӣ ва 11 кўдакистонҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардиданд. Соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 31 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷумла 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра ва 15 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. Боиси ифтихор аст, ки соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 6 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мактабро бо медалҳои тиллою нуқра хатм намуданд. Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерўи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омўзгорон пирўзиву комёбиҳо орзу менамоям”.

Сипас, хонандагону омӯзгорони литсей суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатиии тиббии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи донишро тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки  литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои таълимии фаъоли шаҳр арзёбӣ гардида,  дар соли хониши 2017-2018 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 64 медал гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд