(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲайати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими ин вилоят Эркин Турдимов санаҳои 7-9 уми сентябри соли равон ба шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд.

Дар доираи сафари худ меҳмонон дар бозии дӯстонаи байни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Динамо» дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, намоишгоҳи молу маҳсулоти вилояти Самарқанд дар толори «Қасри варзиш», форуми доираи соҳибкорони вилоятҳои Суғду Самарқанд иштирок намуда, ҳамзамон аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бозори «Панҷшанбе», масҷиди ҷомеаъи марказии «Шайх Маслиҳатдин», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Боғи Камоли Хуҷандӣ-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал меоранд.

Бояд қайд намуд, ки ҳайати меҳмонони самарқандӣ дар тантанаҳои  идонаи 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳамчунин аз ҷониби аҳли фарҳанги вилояти Самарқанд дар майдони марказии шаҳри Хуҷанд консерти идона баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд