(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altУстодону омўзгорони муҳтарам! 
Хонандагони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи дониш самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омўзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрўза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат давоми 27 соли соҳибистиқлолиикишварамон дар шаҳри Хуҷанд 8 мактаби давлатӣ, 11 мактаби хусусӣ ва 11 кўдакистонҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардиданд.
Соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 31 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷумла 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра ва 15 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 6 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мактабро бо медалҳои тиллою нуқра хатм намуданд. 
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерўи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омўзгорон пирўзиву комёбиҳо орзу менамоям. 
Хонандагони азиз!
Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти Шумо мебошад. 
Ҳамчун анъана Рўзи дониш бо дарси сулҳ оѓоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрўзҳо гўшаву канори гуногуни оламро низоъҳои диниву мазҳабӣ, сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифтааст. Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла Шумо хонандагон мебошад. Бинобар ин, ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомўзӣ, забономўзӣ, омўзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии аҷдодони худ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ гардед.
Умедворем, ки Шумо - омўзгорону устодони гиромӣ рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, таҳти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандўсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагони азизро бо фарорасии Соли нави таҳсил, Рўзи дониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, рўҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Иди дониш фархунда бод, омўзгорону толибилмони азиз!