(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамасола дар остонаи соли нави таҳсил макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд барои таълиму тарбияи хонандагон омода карда мешаванд. Имрӯз таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф далели равшани муҳим будани соҳаро ифода менамояд.

Имрӯз маъмурияти МТМУ №27 ба номи Пӯлод Атаеви шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар макотиби шаҳр аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дорои 3 ошёна, 15 синфхона ва 2 лабаратория мебошад. Бо сарфи маблағҳои буҷавӣ ва суратҳисоби махсус мактаб аз таъмири кул бароварда шуд.

Ҳамчунин бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои ҷиҳозонидани кабинети физикаи МТМУ №27 ба маблағи 30 000 сомонӣ лавозимоти зарурӣ аз қабили: термометр, ареометр, ҷевон барои аспобҳои физикӣ, мизи махсуси озмоиш бо аспоби барқӣ, курсӣ барии хонандагон, тахтаи электронӣ ва ғайра дастрас карда шуданд.

Ин имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба илмҳои дақиқ афзун гардида, баҳри аз худ намудани нозукиҳои фанни физика кӯшиш намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд