(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳр, кормандони беморхонаҳои шаҳрӣ ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун дар соҳили дарёи Сир бо мақсади сазовор таҷлил намудани идҳои миллии дарпешистода, ҳашари умумишаҳрии тозагии соҳил баргузор гардид.

Иштирокчиёни ин чорабинӣ тавассути тоза намудани соҳили дарё аз ҳамагуна партов ва даравидани қамишзор ба шаҳомати дарёи Сир зебоии дигар бахшиданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва манбаи ҳаёт — об арзёбӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд