(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдомоти Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бегоҳии имрӯз, соати 19:00 дар назди Муассисаи давлатии маҷмааи фароғатии «Истиқлол» консерти идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ин тадбир бахшида ба 27 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, барномаи консертии мазкур пурра сабт ва тариқи телевизионҳои марказӣ ва вилоятӣ намоиш дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд