(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСокини маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Барои ба ин саодатмандӣ сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр саҳм гузорад.

Субҳи имрӯз сокинони касбу кори гуногуни шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор сазовор пешвоз намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери шиори «1300 рӯз ободонию созандагӣ» ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, ҳашари умумишаҳрӣ гузарониданд.

Корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассисаву ташкилотҳо, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Воқеан ҳам яке аз одатҳои хубу азалии мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, даҳлезу роҳравҳо ва атрофи бинои истиқоматӣ мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз тозаву озода гардонидани атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш оғоз менамоянд. Чунин корҳои ободонӣ дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр сурат гирифт.

Вақти он расидааст, ки мо ҳамагон баҳри тарғиби риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, ки аз шаҳрҳои қадимаи ҷаҳон буда, таъриху фарҳанги миллати моро ба ақсои олам муаррифӣ менамояд, мусоидат намуда, аз тамоми имконоту василаҳо истифода намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд