(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов - ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкиими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мабрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.