(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандони марказ Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Воқеан ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити заруриро ба хотири ташкили тарзи ҳаёти солим, яъне тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста, бо назардошти ин, соҳаи тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ эълон кард. Аз ин, рў барои татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд карда истодааст. Дар сатҳи баланди маънавӣ таҷлил намудани иди касбии кормандони тиб, воқеан ба зодрўзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти форсу тоҷик ва энсеклопедисти беҳамто Абўалӣ ибни Сино рост меояд.

Шумо – табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Сино мебошед ва бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред».

Султон Раҳмонзода сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатиро бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар буда, ҳифзи саломатии инсон рукни муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Равшан аст, ки ташхису муолиҷаи дурусти беморон, муоширату муносибати нек бо онҳо содиқ будан ба савганди Ҳипократ ва риояи ҳамешагии этикаи пизишкӣ вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи ҳар як табиб ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар баробари андешидани тадбирҳои муассир доир ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ зарур аст, ки роҳҳои самараноки беҳтар намудани саломатии фардӣ, яъне машқу тамрин ва варзиши бадан, ки аз аҷдоди номдорамон мерос мондааст ва аз василаҳои асосии пешгирии беморӣ мебошад, бояд васеъ истифода карда шавад. Дар ин кори хайр низ, пеш аз ҳама, кормандони соҳаи тандурустӣ бояд саҳми фаъолона дошта бошанд ва дар тарғиби тарзи ҳаёти солим худашон намуна ва пешсаф бошанд».

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа сипосномаю туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми як моҳи охир силсилаи зиёди корҳои ободонию созандагӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуд ва ба ин васила ин гӯшаи шаҳр тарҳу намои зеборо ба худ касб намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд