(2 голоса, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамдиёрони азиз!

 Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун санаи барои ҳар яки мо – тоҷику тоҷикистониён бо маънои томаш бошукӯҳу муқаддас Рӯзи Парчами давлатиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва сарбаландиро орзу мекунам.

Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд.

Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият ворид шуд.Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад.Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар қарзу фарз аст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш, ки баргузории он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Чи хеле, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».

Парчами Тоҷикистон волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Он имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдодонамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – рамзи тозагӣ, осоиштагиву сулҳ ва роҳи сафед, ранги сабз – ободиву хуррамӣ, рамзи табиати ҳамешабаҳор ва дар байни он ҳафт ситораи дурахшон бо рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои мардуми сарзаминамон башорат медиҳад.

Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад, ки ин барҳақ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Бa хотири гиромидошти Парчами миллӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии насли навраси ҷавонон дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо ибтикор ва ташаббуси Президенти кишвар дар баландтарин поя насб шудани Парчами Тоҷикистон, ҳисси меҳанпарварӣ, худогоҳию хештаншиносии ҳар фарди ватандорро зиёда мекунад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлатии демократии ҳуқуқбунёди дунявист.

Парчам муқаддасот ва рамзи миллии давлат буда, ифтихор аз он моро ба меҳнати садоқатмандию созандагиву ободкорӣ даъват мекунад.

Ба шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи Раиси вилоят муҳтарам Қоҳир Расулзода мардуми шаҳри Хуҷанди меҳнатқарину ватандӯст имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон бо меҳнати дастҷамъонаву самараовари худ ба шукуфоии кишвар ва фардои дурахшони Ватани азизамон саҳмгузор ҳастанд. Ин таҷассуми дастгирии сиёсати ояндасози давлату ҳукумат ва ғояҳои дурандешонаи Сардори давлат аз ҷониби кулли сокинони мамлакат аст.

Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод мегӯям, бароятон тандурустиву хонаободӣ, осудагиву рӯзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирӯзиҳо орзумандам.


Идатон муборак бод!



Раиси шаҳри Хуҷанд                            Каримов Р.А.