(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТабрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи тиб

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат, кулли кормандон ва собиқадорони муассисаҳои тандурустиро бо Рўзи кормандони соҳаи тиб самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва ҳамеша омода будан ба ҳифзи сиҳатии оммаро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».

Воқеан ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити заруриро ба хотири ташкили тарзи ҳаёти солим, яъне тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста, бо назардошти ин, соҳаи тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ эълон кард. Аз ин, рў барои татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд карда истодааст.

Тибқи нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ҳудуди вилоят тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Дар сатҳи баланди маънавӣ таҷлил намудани иди касбии кормандони тиб, воқеан ба зодрўзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти форсу тоҷик ва энсеклопедисти беҳамто Абўалӣ ибни Сино рост меояд.

Шумо – табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Сино мебошед ва бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро бо иди касбиатон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳату хонаи обод, рўзгори осудаву барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!