(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШуъбаи бойтории Маркази таъминоти бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд аз нигоҳдорондагони сагу гурба талаб намудааст, ки бемории ҳорӣ хатарнок буда, табобатнашавандаи одам, ҳайвонот ва парранда ба ҳисоб рафта, асосан ба воситаи газидани ҳайвоноти ба бемории ҳорӣ, гирифтори беморӣ мегардад.

Ин Марказ соҳибони сагу гурба вазифадор намудааст, ки ҳар сол як маротиба сагу гурбаҳои худро барои бақайдгирӣ ва эмкунӣ бар муқобили бемории ҳорӣ ба Шуъбаи бойтории Маркази таъминоти бехатарии озуқавории дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод намоянд. Ҳангоми ба кӯча баровардани сагҳо, танҳо бо даҳонбанд, ниқобҳои симӣ ё чармӣ, гарданбанд бо тамға ё ҳалқаи алоҳидаи инфиродӣ ва бандҳои занҷирии дарозиашон то 1, 5 метр бароранд. Саг ё гурбае, ки одамон ё ҳайвонотро газидаанд, соҳибонашон ҳатман ба Шуъбаи байторӣ барои муоина ва назорат муроҷиат намоянд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳангоми риоя нагардидани талаботи зикргардида, ҷавобгарӣ мутобиқи талаботи моддаи 275 ва 276-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Телефон барои тамос: 92 8080044, 92 7702173.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд