(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрўз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзўъ дар маркази таваҷҷўҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рўзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.

Экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар мерасад.

Боиси тазаккур аст, мардуми шарафманди тоҷик аз қадим ҳамчун миллати сулҳпарасту инсондўст маълуму машҳур буданд ва имрўзҳо низ бо чунин сифатҳои олидараҷа ҷаҳониён тоҷикону тоҷикистониёнро мешиносанд.

Воқеае, ки санаи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи гурўҳони номухолиф сар зад, мардуми меҳмоннавози тоҷикро андўҳгин намуд.

Ҳар яки мо медонем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдор намудани сулҳу оромии кишварамон пайваста заҳматҳои зиёд мекашанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мардуми бонангу номуси тоҷик ба ин ҳодисаи нохуш оромиву осудагии кишварро халалдор месозад, бетараф набошем.

Ин душманони баднияту ноком, ки оромии ҷомеаро бо мақсади нопоки худ халалдор намуданӣ ҳастанд, ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро имрўз мақомоти қудратии кишвар ва мардуми сарбаланди тоҷик метавонанд сади роҳи чунин хоинони миллатро гиранд.

Имрўз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави бунёдкорӣ фаро расидааст. Мардуми сарбаланди тоҷик сиёсати созандаро самимона дастгирӣ менамояд. Онҳо дарк намудаанд, ки оромию осудагии ҷомеа гавҳари бебаҳо буда, посбонию нигаҳбонии он вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибақлу соҳибхирад мебошад. Имрўз бо боварии зиёд гуфта метавонам, ки якдилию иттифоқии насли башар намегузорад, ки ин душманони нопоки миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ расанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайванд ба ҳодисаи ҳалокати чор нафар сайҳони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду нафар гардишгар аз Амрико, як нафар аз Нидерландия ва Швейтсария мебошанд, ба сарони ин кишварҳо номаи тасаллият ирсол кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни тасаллият ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ин ҳодиса гуфтааст, ки барои муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амал, ниҳодҳои зирабти кишвар ҳама чораҳоро хоҳанд андешид.

Бо боварии зиёд гуфта метавонам, ки имрўз оромию суботи ҷомеаро ягон қувваю гурўҳ халалдор карда наметавонад.

Қосимҷон Қаюмов,
м
удири шуъбаи рушди
и
ҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд