(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи саноатии "ВТ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд, ки бо коркарди пилла машғул аст, боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин корхонаи дар гузаштаи начандони дури пешқадам аз наздик шинос шуд.

Тавре, ки роҳбарияти корхонаи "ВТ-Силк» ба Роҳбари вилоят иттилоъ дод, корхона баъди танаффуси дусола фаъолияти муназзами худро ба роҳ монда шудааст ва миқдори муайяни маҳсулоти хом дар амбори он нигоҳ дошта мешавад. Вале он нокифоя буда, тадбирҳои бештар ворид намудани ашёи хоми ватанӣ андешида шуда истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва маъмурияти корхонаи мазкур дастур дод, ки ҷиҳати харидорӣ ва захира намудани пилла тадбирҳо андешанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди фаъолияти корхона, зимни боздид аз сехҳо ва суҳбат бо кормандон ошноӣ пайдо намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва муназзам фаъолият намудани корхона супоришҳо дод. Ба роҳ мондани ҳамкории тарафайнро бо ҶДММ «Хуҷандатлас» муфид арзёбӣ карда шуд, зеро корхонаи мазкур харидори асосии маҳсулти истеҳсолменамудаи «ВТ Силк» мебошад.

Роҳбари вилоят аз парвариши ниҳолҳои муосири тут дар корхона тавсиф намуда, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки майдони он зиёд карда шавад. Ҳамзамон эҳё ва тақвият иқтидорҳои қаблии корхона муҳим дониста шуд. Зеро бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон аз вазифаи муҳим ба шумор меравад.Ҷиҳати таъмиру азнавсозии биноҳо низ машваратҳо дода шуд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Хуҷанд