(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк гуруҳ журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои 7-8-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Рӯзноманигорони кишвари ҳамсояро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар даромадгоҳи «Қалъаи Хуҷанд» ба ҳузур пазируфт.

Дар доираи сафари худ рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аз рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» боздид ба амал оварда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом доданд.

Ҳамчунин мувофиқи барномаи сафар журналистони кишвари ҳамсоя аз корхонаи «Арча» боздид ба амал оварданд.Чуноне, ки иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар корхонаи Арча ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардиааст, ки бо он давоми як моҳ метри мукаъаб ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад.Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Италия ва Украина ворид карда шуда, маҳсулоти корхона, аз ҷумла дару тирезаҳои хушсифат ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.Ба гуфти мутахассисон маҳсулоти ин корхона пурра аз чӯби табиӣ буда, дар вақти коркард ва истеҳсолот маводи кимиёвӣ хеле кам истифода мешавад.

Чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Сипас, меҳмонон аз Осорхонаи вилоятӣ боздид ба амал оварда, намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитаменро тамошо намуданд. Дар Боғи Камоли Хуҷанд барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят барои меҳмонон манзур карда шуд. Журналистони Ӯзбекистон аз Чорбоғи Шайх Камоли Хуҷандӣ низ боздид намуданд. Тамошои «Шоми Хуҷанд» барои меҳмонон хеле ҷолиб буд.

Субҳи имрӯз журналистони кишвари ҳамсоя ба бозори марказии «Панҷшанбе» ва масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Ҳамин тавр, меҳмонон бо таасуроти неку хотирмон баҳри идомаи сафари худ ҷониби шаҳри Истаравшан шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати гурӯҳи меҳмонон: Шарофат Эрматова - хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон ва раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон "Ориёно", Тоҷибой Икромов - муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик", Ҷасур Исҳоқов - муаллифи филми мустанади "Зери осомони ягона", Ҷумъа Ҳамроев - профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов - муҳаррири рӯзномаи "Ховар", Нурулло Насриев - мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Зебо Тӯхтаева - хабарнигори телевизион "Ӯзбекистон 24" ва дигарон шомил буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд