(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКулли кормандони сохтмонро бо иди касбӣ, иди меҳнат, созандагӣ ва бунёдкорӣ - Рӯзи кормандони сохтмон сидқан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям. Барои ҳар яки онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.

Бинокорони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат додани корҳои сохтмону ободонӣ пешаи худ  намуда,  баҳри иҷрои ин рисолати пуршараф кӯшишу ғайрати зиёд доранд. Ин мардуми меҳнатқарину офаранда азм доранд, ки зиндагии инсонҳо ободу зеботар ва шаҳр тозаву дилработар гардад.

Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кӯчаю роҳҳо, бунёд ёфтани даҳҳо иншооти хоҷагии халқ, боғҳо, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр дигар иншоотҳо, ки ба ҳусни маркази вилояти овозадори Суғд - шаҳри ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони гулофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.

Бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушду таҳким ёфта истодаанд. Аз ҷумла, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», якчанд иншоот ба монанди  Маҷмааи меҳмонхонаи «Парламент» бо тамоми шароитҳои замонавӣ, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», корхонаи муштараки «Арча-мебел»-и Тоҷикистону Туркия, дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр боғчаи бачагонаи №28 бо тарҳи замонавӣ ва дар маҳаллаи Суғдиёни шаҳр маҷмааи биноҳои баландошёна, маркази савдо, кӯдакистон ва чойхона ифтитоҳ гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳнати бунёдкоронаи сохтмончиёнро ҳамеша қадр мекунад.

Ба кулли кормандони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд тансиҳативу хонаободӣ, дар ҷодаи ободӣ ва хушманзар намудани диёр барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Идатон муборак сохтмончиёни азиз!