(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовинони раиси шаҳр, прокурори шаҳр Арабшо Солизода, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сардорони биноҳо, шӯрои занон, фаъолони маҳаллаҳои шаҳр доир ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, эктремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ чорабинӣ барузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрўз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар мерасад.

Таъкид гардид, ки имрӯз халқҳои ҷаҳон ба Тоҷикистону тоҷикистониён боварӣ доранд, бо дили пур, бо умеди орзуи дидан аз мардуми кӯҳантаърих, огаҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он, сарзамини бостонӣ ба диёри мо қадам мегузоранд. Дар чунин ҳолат бархе худобехабарони беору беномус ба обрӯю эътибори мо ватандорон хатти батлон заданӣ, дар байни аҳли башар шарманда карданӣ шуданд. Зермаънии ин амал сиёҳкунии Тоҷикистон аст ва онҳо гуфтанианд, ки гӯё ба оромии Тоҷикистон бовар кардан мумкин нест. Хоинон бо нишондоди хоҷаҳои хориҷии худ даст ба чунин амал заданд, вале онҳо ба мақсадҳои худ намерасанд. Тоҷикистон ором аст ва ором мемонад, халқи мо меҳмонро эъзоз медорад, ба дили гарм ба оғӯш мегирад. Ин анъанаи мо, рисолати мардуми мо аст. Онҳое ки ба ин анъанаҳо риоя намекунанд бо мо нестанд.

Раиси шаҳр гуфт, ки имрўз оромию суботи ҷомеаро ягон қувваю гурўҳ халалдор карда наметавонад. Бо дарки зиракии сиёсӣ, дар таъмини амнияти мардум саҳмгузорӣ менамоем. Мардуми шарифи Хуҷанд аз ҳарвақта бештар дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони халқу миллатамон муттаҳид мешавад.

Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Арабшо Солизода дар баромади худ таъкид дошт, ки ба гуруҳҳои тундрав гаравидани ҷавонон омилҳои гуногун дорад, ки пеш аз ҳама сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, зудбоварӣ ва ҷаҳонбинии танг доштан мебошад. Мо бояд мақсаду ниятҳои нопоки равияҳои ғайриқонуниро ба мардум фаҳмонем ва ба эшон расонем, ки онҳо нисбати шариат ва дини мубини Ислом назари мухолиф доранд. Масалан намояндагони ин равияи мамнуъ дуои сари қабри падару модар, хондани намоз ва китоби «Қуръон»-ро бо забони тоҷикӣ, ҳузури шоҳидонро дар никоҳ, таҷлили идҳои миллӣ ва ғайраро ҳаром арзёбӣ намудаанд. Ва ё худ нисбати муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиамон назари бадбинӣ доранд.

Арабшо Солизода андешаҳои худро вобаста ба қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оин ва маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо мисолҳои мушаххас баён дошта, онро ба манфиати мардум арзёбӣ кард.

Полковник Эмин Ҷалилзода, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар шаҳр ва роҳҳои мубориза ба он маърӯза намуд. Таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванд баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш азм намояд. Мо бояд муборизаро бо ақидаҳои бегонашуда ва ё тамоюли бегонашавӣ қароргирифта шадид намоем. Хушбахтона аз соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ба қайд гирифта нашудааст. Сардорони хонаҳои баландошёнаи шаҳр бо мақомоти милитсия ҳамкории зич доранд, вале бархе тоифаи мардум аз ин ҳамкорӣ дурӣ меҷӯянд. Дар ин самт бояд корҳоро ҷоннок намуд. Мо дар якҷоягӣ амнияти шаҳру кишварамонро таъмин намоем.

Сипас, аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа суолу пешниҳодот манзур ггардида, ҷавобҳои қаноатбахш гирифта шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, худкушӣ, нашъамандӣ, сўиқасд ба ҷони худ ва шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ғайриқонунӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзўр карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд