(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр машварати васеи корӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Хуҷанд ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд пеш аз ҳама дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои воридотӣ азм намоем. Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар иншооти таъиноташ гуногунро бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёд намоем.

Раиси шаҳр гуфт, ки бояд масъулини дахлдор ҷиҳати сазовор истиқбол намудани иду ҷашнҳои дар пешистода бо дастовардҳои назаррас ва иқдомҳои ободкорӣ сайъ намоянд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, омодагӣ ба мавсими гулу дарахтшинонӣ, тақвияти фаъолияти кормандони сохторҳои ободонӣ аз масоили муҳими ҷаласа буд.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарон ва масъулини дахлдор талаб намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии қонуни мазкур зимни баррасии аризаву шикояти шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласа таваҷҷуҳи масъулинро ба корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, тақвияти фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, муҳоҷират, касбомӯзӣ, рушди ҳунармандӣ, ободонӣ, тадбирҳои 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти бунёдшаванди ҷашнӣ ва ғайраҳо ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои корҳои банақшагирифташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд