(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯк гуруҳ журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои 7-8-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд. Дар доираи сафари худ рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аз рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» боздид ба амал оварда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом медиҳанд. Ҳамчунин дар барномаи сафари меҳмонон боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Камоли Хуҷандӣ, боздид аз бозори марказии «Панҷшанбе» ва масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд