(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲафтаи сипаришуда, дар рӯзи қабули шаҳрвандон, сокини шаҳри Хуҷанд Мунаввара Ҷабборова, оид ба мусоидат баҳри харидорӣ намудани маводи хӯрока ва ниёзҳо барои парвариши фарзандони сегоникаш ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буд ва дирӯз тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода номбурда мавриди аёдат қарор гирифта шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд тибқи дастури шаҳрдор маводи ниёзи аввалия ва уребчаҳоро барои нигаҳбонии секоникҳо ба манзили Мунаввара Ҷабборова дастрас ва аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим намуд.

Мунаввара Ҷабборова, аз баррасии саривақтии муроҷиаташ миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки баҳри тарбияи сегоникҳо ва як фарзанди дигараш машғул гардида, шукронаи амну осоиштагӣ ва фаровонию саодатмандӣ диёрро менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Мунаввара Ҷабборова, 30 ноябри соли 2017 дар таваллудхонаи вилоятӣ сегоник (се писар) таваллуд намуда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд