(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи шуъбаи кор бо занон ваоилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маркази саломатии №4 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, сардухтури маркази саломатии №4 А. Абдуллозода, духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳрӣ Н. Ҳасанова, занони маҳаллаҳои “Дўстии халқҳо”, “Чашмаи Арзана”, “Сайҳун” ва “Ваҳдат” оид ба таблиғи арзишҳои миллӣ гигиенаи шахсӣ, тарбияи дурусти духтарон, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги либоспўшии ғайр, пешгирии таваллуд дар хона, бемории ВИЧ СПИД ва инчунин ҷилавгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ вохўрӣ доир гардид.

Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода доир ба мақоми оила, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону духтарон, барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила андешаронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки баҳри пешгирии шомилшавоии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ тадбирҳо андешанд.

Духтури амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд доир ба оқибатҳои фоҷиабори таваллуд дар хона ва риоя намудани гигиенаи шахсиро асоси саломатӣ унвон намуда, аз занони маҳаллаҳо ва духтурони оилавӣ хоҳиш намуд,баҳри тарғиби он чораҷӯйӣ намоянд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохўриҳо тарғибу ташвиқи оилаву ҷомеа солим ва пешгирии занон аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд