(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз 25 адад автобусҳои нав, яке бо хатсайри микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ва дуюмӣ аз микроноҳияи 3-юм тариқи роҳи байни микроноҳияҳои 8-12 ва 12-13 (кӯчаи Усмон Қосимов) сипас ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз бахшиданд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда шуд.

Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ муайян гардидааст.
Таъғирот ба сайрхатти бархе микроавтобусҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла сайрхатти микроавтобуси №100 ба воситаи гардиши БДА-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва пули «Инъом» (купрӯки «Амон») ба шаҳраки Палос ворид мешавад.

Сайрхатти микроавтобуси №55 низ тағйир ёфта, тариқи кӯчаҳои Гагарин, Камоли Хуҷандӣ ба маркази шаҳр ворид шуда, ба воситаи хиёбони Раҳмон Набиев боз ба кӯчаи Гагарин дохил шуда, тариқи пули нав сайрхатти худро бо кӯчаи Сирдарё идома мебахшад.

Фаъолияти хатсайрҳои беруназшаҳрии микроавтобусҳои № 2, 80, 87, 90,92, 92 «а» 97, 105 аз бозори «Сомон» -и шаҳри Бӯстон мутаваққиф гардиданд.

Микроавтобусҳои беруназшаҳрии №40 ва 40 «а» аз истгоҳи «Автостансия»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (истгоҳи мошинҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом) хизматрасонии хешро ба самти шаҳри Гулистон идома мебахшанд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, то муътадил гардидани вазъият сабуриро пеша намоянд.

Бояд қайд намуд, ки таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум зери назорати қатъии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарор дошта, гуруҳҳои корӣ барои ба эътидол ва танзим намудани хатсайрҳо сафарбар карда шудаанд.

Ҳамаи тадбирҳои андешидамешуда аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр танҳо барои манфиати мардум ва таъмини хизматрасонии баланди нақлиётӣ мебошад.

Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд метавонанд дар сурати пайдо шудани муаммо ва ё нофаҳмӣ ба телефонии шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намоянд: (83422) 4 67 21.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд