(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 медалҳои тиллою нуқра, 6 нафарашро муҳассилини шаҳри Хуҷанд, дақиқтараш хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳр аз рӯйи равияи табию риёзӣ ба даст оварда буданд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади таҳнияти барандагони медалҳои тиллою нуқра онҳоро бо ҳамроҳии устодонашон ба ҳузур пазируфт.

Маъруф Муҳаммадзода аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро дар меҳвари асосии фаъолияти хешро қарор додаанд, тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки Пешвои миллат дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштаанд ва дар зарфи 26 соли истиқлолият тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонида шуд.

Маъруф Муҳаммадзода ғолибияти хонандагонро ифтихори тамоми хуҷандиён арзёбӣ намуда, онро намунаи волои ватандӯстӣ ва тарбияи комили онҳо аз ҷониби волидайну устодонашон донист. Таъкид шуд, ки чунин хонандагон барои дигар муҳассилини шаҳри Хуҷанд шоистаи пайравист.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Муҳаммадҷон Ҳакимов ва Матин Ҷӯраев медалҳои тилло ва Беҳруз Мансуров, Шаҳзод Раззоқов, Фараҳноз Олимова ва Шоҳина Исмоилова медалҳои нуқраро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон ба Бахтиёр Дадобоев аз гимназияи ба номи Гёте, Фарзона Султонова аз МТМУ № 19 ва Мадина Зарифова хатмкунандаи гимназияи №24 сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Муҳаммадҷон Ҳакимов, Матин Ҷӯраев ва Беҳруз Мансуров ҳуҷҷатҳои хешро ба донишгоҳҳои бонуфузи Маскаву Санк -Петербург супорида, соҳиби номи баланди донишҷӯйӣ гардидаанд.

Муҳаммадҷон Ҳакимов, барандаи медали тилло, дастпарвари литсейи физикӣ математики ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Фарзона Султонова хатмкардаи МТМУ № 19 дорандаи Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба насли наврасу ҷавон ва рушди маорифи кишвар арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шаффоф гузашт.

Муқим Воҳид, нависанда ва омӯзгори литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои дастгирии доимии Роҳбарияти шаҳр ҷиҳати таҷҳизонидани синфҳои фаннӣ, бахусус риштаи дақиқ арзи сипос намуда, дастоварди мазкурро дар соҳаи маориф ҳодисаи таърихӣ ва нотакрор унвон намуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева зикр намуд, ки бо мусоидати Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар оянда низ хонандагони шаҳр дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои беназир комёб хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд