(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре, ки иттилоъ дода будем, ки дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дар назди пояи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳодисаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта- маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Шуруъ аз 1-уми августи соли равон автобусҳо бо хатсайрҳои микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва микроноҳияҳои 8-12 ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз мебахшанд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда мешавад.

Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ муайян карда шуд.

Ин раванд то баэътидол омадани вазъияти омӯзишӣ ва роҳандозии пардохти кортӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи олии Роҳбарияти шаҳр таъмини зиндагии шоиста ба мардум мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд