(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМардуми шаҳри бостонии Хуҷанд аз садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, иттилоъ пайдо намуда, аз ин хабари нохуш ғамгин гардиданд.

Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.

Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш расида наметавонанд. Зеро имруз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди тоҷик имкон дорад, ки садди чунин хоинони миллат гарданд.