(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБегоҳии дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди пояи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳодисаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта- маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 28, 8 миллион доллари амрикоӣ ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

altРоҳбари вилоят таъкид намуд, ки автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар як автобус дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил бирасонад. Шуруъ аз 1 –уми август 25 адад автобусҳо бо хатсайрҳои микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбони Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва микроноҳияҳои 8-12 ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаракат менамояд. То охири моҳи сентябр 75 адад автобусҳои боқимонда вориди шаҳри Хуҷанд мешаванд.

Вобаста ба фаъолияти минбаъдаи микроавтобусҳои имрӯз фаъолиятдошта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати ВКД дар вилоят ва масъулини соҳаи нақлиёт дастур дод, ки баҳри роҳандозии дигар хатсайрҳои нав чораандешӣ намоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷумла муовинони Раиси вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон Матлуба Сатториён, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Нозирӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолон ба автобусҳо нишаста ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равон шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд