(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд боз як муассисаи нави таълимӣ: Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимиро ба даст овард.

Тавре, ки муассиси коллеҷи мазкур Анвар Мақсудӣ иброз дошт, аллакай ин муасссисаи нави таълимӣ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2018-2019 аз рӯйи ихтисосҳои: Дизайн. Дизайни муҳити меъморӣ, автоматикунонии кори бонк, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, информатика, технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ, истеҳсол, ҳифз ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ эълон доштааст.

Довталабон баъди хатми коллеҷ, барои идомаи таҳсил ба курси 3-юми Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия дохил шуда метавонанд.

Ҷавонмардоне, ки дар коллеҷ таҳсил менамоянд, то сини 21 солагӣ аз даъвати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳо то санаи 20 –уми августи соли равон қабул карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд