(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба қисми мустақили 23-юми Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҳайати шахсӣ ва кулли кормандони ин ниҳоди низомиро бо иди касбиашон табрик намуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади хеш ба муносибати 90 солагии таъсисёбии Хадамоти оташнишонӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки мардум дар бораи корнамоиҳои зумраи кормандони оташнишонӣ – ин абармардони шуҷоъ, хуб огаҳанду ба онон аҳсант мехонанд, зеро ки маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои сӯхтор аввалин шуда, ба кӯмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва дар иҷрои вазифаи ҷонӣ ҳар соату дақиқа омода мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин, хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Таъкид шуд, ки агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, давраи ташаккулёбӣ ва тараққиёти хадамоти оташнишонии касбӣ чун дигар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шароитҳои бениҳоят душвор ба вуҷуд омадааст. Он давра дар Тоҷикистон иқтисодиёт ва хоҷагии халқ акнун рӯ ба таррақӣ ниҳода истода буд. Дар байни халқ барои баланд бардоштани савияи саводнокӣ чораҳо андешида мешуд. Дар ҳамин давраҳо аввалин дружинаҳои сӯхторхомӯшкунандагон ташкил карда шуд, ки маҳорату малакаи касбӣ надоштанд. Барои пешгирӣ ва хомӯш кардани сӯхтор ҳатто воситаи оддитарини сӯхторхомӯшкунӣ вуҷуд надошт. Вале ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, маҳвкунандагони оташ далерона бар зидди оташ мубориза мебурданд. Ҳаёти даҳҳо одамон ва боигариҳои халқро наҷот медоданд. Маҳз дар ҳамин солҳо барои ташкил ва тараққиёти ояндаи дурахшони хадамоти оташнишонӣ ибтидо гузошта, наслҳои ояндаи муборизони оташро ба миён овард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳалли муаммоҳои гуногун дастгирӣ ва кӯмаки беғаразонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бениҳоят бузург аст. Солҳои охир пойгоҳи моддию-техникии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят мустаҳкам гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахуссус кӯмаки пайвастаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бениҳоят бузург аст. Муваффақиятҳо ва дастовардҳои бузурге, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба даст оварда мешавад, кормандони хадамоти оташнишонии шаҳрро водор месозад, ки ба ояндаи дурахшон бо боварии комил нигаранд.

Раиси шаҳр гуфт, ки таъминоти кормандони оташнишонӣ бо либосҳои низомӣ ва лавозимотҳои зарурӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Муваффақиятҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба даст оварда мешавад, моро водор месозад, ки ба ояндаи дурахшон бо боварии комил нигарем. Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 2-адад қисми мустақил ва 1-адад дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ амал мекунад, ки онҳо бо нақлиётҳои махсус, таҷҳизотҳои оташнишонии ҳозиразамон ва ҳайати шахсӣ пурра таъмин буда, баҳри пешгирӣ намудани сӯхтор ва бартарафкунии офатҳои табиӣ, наҷот додани молу мулки халқ ва ҳаёти шаҳрвандон ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ зикр дошт, ки эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи шумоён рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоред ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамед. 
Сипас, муовини сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд Саломат Ализода оташнишонони шаҳри Хуҷандро бо Иди касбиашон таҳният гуфт.

Подполковник Рустам Мирзозода, сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳр арзи миннатдорӣ баён сохта, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯзҳо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд таҷрибаю кордонии ҳамкасбони гузаштаи хешро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ намуда, баҳри ҳифзи бехатарӣ аз сӯхтор ва наҷоти сарвату ҷони шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Имрӯз дар Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд 5-адад нақлиётҳои оташнишонии махсус бо тамоми таҷҳизоти ва дастгоҳҳои зарурӣ таъмин аст. Соли ҷорӣ бо муосидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иловатан 9-адад штати корӣ таъсис дода шуд, ки ба пешравии фаъолият мусоидат хоҳад кард.

Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба як қатор пешсафони соҳа сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд